Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ

3,156 Просмотры
RU __ TJ
RU __ TJ
07/22/23

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон - хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.

Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.

Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.

Бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд.

Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷикон дар ҷаҳони ислом мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд расондаанд.

Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Сарвари давлати Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ӯ борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Боиси хушнудию шукргузорӣ аст, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи хонаи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад.


Ахбор, Новости, News
АХБОРИ ТОҶИКИСТОН
Ахбори Тоҷикистон
Ахбори имрӯзи Тоҷикистон
Ахбори имрӯз дар Тоҷикистон
Хабарҳои Тоҷикистон
Итилоот, Навид, Хабар
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тоҷикистон ва ҷаҳон
Имрӯзи Ҷаҳон. Ахбори Хатлон
Ахбори Суғд. Ахбори Бадахшон
Ахбори Душанбе. Ахбори НТМ
Новости Таджикистана ТВТ
Новости СНГ. НОВОСТИ Таджикистана
Новости Мира. Новости 24 Новости
События Дня. Настоящее Время
СНГ ТВ 24. СНГ ТВ. СНГ Сегодня
Таджикистан Душанбе Азия
Срочный Новости Утренний новости
Границы Ворух, Панҷ, Хоруғ Рӯшон Шуғнон Суғд





Ахбори имрӯзи Тоҷикистон
Ахбори имрӯз
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ахбори Ӯзбекистон Самарқанд
Хабарҳои имрӯзаи Тоҷикистон
Хабарҳо аз ҷараёни сафари корӣ
Новости Таджикистана
Новости Узбекистана Самарканд
Новости СНГ
Новости Мира
Новости Душанбе
Новости Россия
Новости Дня
Новости Мигранты
Новости Бадахшон
Новости Хатлон
Новости Согд
Новости Душанбе
Новости Ворух
События дня

СНГ
Asia
Азия
European
Russian

Новости
Ахбор
Хабар
Навид
Иттилоот
Иттилоъ


#Хабар #Тоҷикистон #Ахбор #Душанбе #новости #таджикистан #bbc
#Россия #Украина #Беларусь #Президент #Мир #radio
#Сегодня #tajikistan #dushanbe #news #europa #tojikiston #asia #uzbekistan #Эмигранты #Россия
#iran #politics #trending #russia
#most #moscow #akhbor #срочно
#tojik #navid #official #television
#АхбориТоҷикистонваҷаҳон
#СНГ24 #Муҳоҷир #Сарҳад #Исфара #Бадахшон #Суғд #Русия #Узбекистон #НОВОСТИ #Бухоро #Самарканд #Ворух #Хоруғ #Хатлон #Бадахшан #fyp #fyp#Душнабе #таджикистан #новости #ТВ #Сегодня #СНГ #Мир #Россия #Мигранты #russian #tajikistan #tajik #world #Тоҷикистон #Ворух #Сарҳад #Бадахшон #Хоруғ #Хатлон #Муҳоҷир #Границы #Овчиқалъача
#Муҳоҷир

Показать больше

0 Комментарии Сортировать по

Комментариев нет

Комментарии

Следующий